- зӯр
- [زور]1. қувва, қудрат, тавоноӣ, иқтидор2. боқувват, қувватнок, зӯрманд, қавӣ; зӯр баромадан ғолиб омадан, ғалаба кардан (мас., дар гӯштингирӣ)3. бузург, забардаст4. маҷ. вазнин, душвор, сахт5. маҷ. хуб, аъло; аз зӯри… аз шиддати…; аз сахтии…; ба зӯр а) аз ҷиҳати қувва, дар қувва, аз бобати қудратнокӣ; б) бо машаққат, бо душворӣ, ба азоб; в) зӯран, маҷбуран, бо фишор; г) хоҳам-нахоҳам, дилу бедилон; бо як зӯр бо як зӯрзанӣ, бо як кӯшиш; зӯр задан ҷидду ҷаҳд намудан, кӯшиш кардан; зӯр кардан а) боқувват кардан, тавоно намудан (касе, чизеро); б) кит. маҷбур кардан, зӯрӣ намудан (барои иҷрои коре); зӯр овардан а) маҷбур кардан; фишор овардан; б) душворӣ кардан, зӯрӣ кардани коре ба касе; зӯр омадан а) маҷбур шудан; ноилоҷ мондан; б) киноя аз вазнинӣ кардан, таъсири бад расидан ба узве (аз бардоштани чизи вазнин, иҷрои ягон кори сахт ва ғ.); зӯри касе ба касе расидан кофӣ будани қуввату қудрати касе барои ғолиб омадан бар касе, касеро мағлуб карда тавонистан; зӯри касе ба коре расидан а) аз ӯҳдаи иҷрои коре баромадан, барои анҷом додани коре қодир будани касе; б) ноилоҷ ба коре машғул шудан; зӯри беҳуда миён мешиканад (мақ.) кӯшиши бемавқеъ зарарнок аст, қувваро ғайриоқилона сарф кардан натиҷаи манфӣ медиҳад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.